Июл 06, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Мубаллиғи саудӣ: Ба ҷои яҳудиён, Эронро нафарин кунед

Алӣ Ал Рабиъӣ, мубаллиғи саудӣ аз аиммаи ҷамоот ва воизони мусулмон хост ба зиддият бо "яҳуд ва насрониён" поён диҳанд ва таблиғоти худро алайҳи Эрон мутамаркиз кунанд.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Ал Олам, Алӣ Рабиъӣ дар ҳисоби корбарии худи дар Твиттер навишт, хатибони мусулмон  бояд ба таври муваққат таблиғ алайҳи яҳуд ва насрониҳоро мутаваққиф кунанд ва бар таблиғ алайҳи давлати "маҷусӣ" Эрон мутамаркиз шаванд.

Пас аз ин дархост, Ал Рабиъӣ бо мавҷе аз хашму ғазаби корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мувоҷиҳ ва ба ночор маҷбӯр ба ҳазфи твитти худ шуд.

Дар ҳамин ҳол, бисёре аз корбарон дархости Ал Рабиъиро навъе талош барои одисозии равобит миёни Арабистони Саудӣ ва режими ишғолгари Қудс баршумурданд.

Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Арабистони Саудӣ дар талош аст, бо оддисозии равобити худ бо режими саҳюнистӣ, аҳдофаш дар минтақаро муҳаққақ ва ҳукумати валиаҳди ҷадид, ки мавриди ҳимояти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико астро тақвият кунад, бино бар ин ба шайтанат алайҳи Эрон идома медиҳад.

 

Барчасп