Июл 07, 2017 16:23 Asia/Dushanbe
  • Посухҳои раисҷумҳури Ироқ ба рӯзномаи Саудӣ дар бораи Эрон

Раисҷумҳури Ироқ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Саудӣ мудохилаи Ҷумҳурии Исломии Эронро дар масоили кишвараш рад кард.

Фуод Маъсум рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо рӯзномаи “Укоз”-и Арабистон гуфт, изҳори назарҳо дар бораи дахолати Эрон дар умури Ироқ комилан сиёсӣ аст. Раисҷумҳури Ироқ таъкид кард, то ба ҳол ҳатто як масъули эронӣ аз Ҳукумати Ироқ нахостааст, ки иқдоми хосе анҷом диҳад ва равобити Ироқу Эрон комилан ҳасана аст.  Фуод Маъсум дар идома афзуд, Ироқ ҳамон тавр ки аз таҷрибаи мушовирони низомии Амрико, Фаронса ва Туркия истифода мекунад, аз таҷрибаи мушовирони эронӣ ҳам чун Қосим Сулаймонӣ истифода мекунад.

Пештар низ Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазири Ироқ бо таъкид ба равобити ҳасанаи кишвараш бо Эрон гуфта буд, агар тамоми дунёро ҳам ба Ироқ бидиҳанд, ин кишвар бо Эрон душманӣ нахоҳад кард.

 

Барчасп