Июл 10, 2017 17:48 Asia/Dushanbe
  • Эрон: Оташбас дар Сурия бо вуҷуди иқдомоти Амрико душвор аст

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон барқарории оташбас дар Сурияро дар сурати идома ёфтани иқдомоти Амрико, душвор донист.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Баҳроми Қосимӣ дар нишаст бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ, дар посух ба саволи хабарнигорон дар бораи тавофуқи Русияву Амрико барои иҷрои оташбас дар ҷануби ғарбии Сурия гуфт: Дар сурате, ки Амрико иқдомоти таҳоҷумии худро дар Сурия қатъ накунад, порбрҷо мондани чунин тафоҳуме душвор аст .

Қосимӣ афзуд: Эрон, Туркия ва Русия дар музокироти Остона фаъолиятҳои густардае барои барқарории оташбас дар Сурия доштаанд ва агар тафоҳуме ба вуҷуд ояд, ки битавонад танишро дар кулли минтақа коҳиш бидиҳад, қатъан аз он истиқбол мешавад.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон афзуд: Ончи Эрон дунбол мекунад, ҳифзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Сурия ва густариши оташбас аст ва ин баҳс набояд ба манотиқи хос маҳдуд шавад .

Баҳроми Қосимӣ ибрози умедворӣ кард, нишастҳои байналмилалӣ дар бораи Сурия дар ниҳоят сулҳ ва суботро барои ҳамаи мардуми ин кишвар ба ҳамроҳ дошта бошад .

 

Барчасп