Даргирии дохилидиишӣ пас аз ҳалокати Абубакр Бағдодӣ
(last modified Tue, 11 Jul 2017 12:14:43 GMT )
Июл 11, 2017 17:14 Asia/Dushanbe
  • Даргирии дохилидиишӣ пас аз ҳалокати Абубакр Бағдодӣ

Пас аз эъломи ҳалокати Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ пайравони ин гурӯҳи террористӣ дар шаҳри Талъафар, ғарби Мавсил даргир ва шуморе аз тарафдорони Бағдодӣ дастгир шуданд.

Ба гузориши ИРНА, манобеи маҳаллӣ дар вилояти Найнаво эълом карданд, дар пайи эъломи хабари марги Абубакр Бағдодӣ ва даргирӣ миёни аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ дар Талъафар манъи рафтуомад эълом шудааст ва аъзои ин гурӯҳи террористӣ дар ин минтақа пароканда шудаанд. Манобеи маҳаллӣ афзуданд, аъзои боқимондаи ДИИШ дар Талъафар барои соҳиб шудан ба ҷойи  Абубакр  Бағдодӣ дар ин гурӯҳ бо ҳам даргир шуданд.