Қадрдонии нахуствазири Ироқ аз кумаки мусташории Эрон
Нахуствазири Ироқ аз ҳимояти мусташории Эрон аз нерӯҳои ироқӣ қадрдонӣ кард.
Ба гузориши шабакаи Фурот-ниюс, Ҳайдар ал-Ибодӣ рӯзи чаҳоршанбе дар "Конфронси байналмилалии ҳимоят аз Ироқ зидди ДИИШ" дар Бағдод бо қадрдонӣ аз ҳимояти мусташории Эрон аз нерӯҳои ироқӣ гуфт: Мушовирони низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дархости Бағдод вориди Ироқ шудаанд.
Ал-Ибодӣ таъкид кард, Ироқ ҳамчунон ниёзманди кумаки хориҷӣ дар омӯзиши низомии нерӯҳояш аст, то битавонад сатҳи омодагии нерӯҳои худро дар ҷанг бо тероризм боло барад.
Нахуствазири Ироқ хотирнишон кард, касоне ки бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ меҷанганд, ҳама аз мардуми Ироқ ҳастанд ва ҳеҷ нерӯи хориҷӣ дар ин ҷанг ҳузур надорад.
Конфронси байналмилалии дурӯзаи мубориза бо ДИИШ рӯзи чаҳоршанбе бо ҳузури коршиносоне аз 50 кишвари ҷаҳон ва намояндагоне аз Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО дар Бағдод оғоз шуда аст.