Бар асоси натоиҷи ғайрирасмии аввалия: Феҳристи Алъибодӣ пештози интихоботи Ироқ
(last modified Sun, 13 May 2018 11:04:54 GMT )
Май 13, 2018 16:04 Asia/Dushanbe
  • Бар асоси натоиҷи ғайрирасмии аввалия: Феҳристи Алъибодӣ пештози интихоботи Ироқ

Як манбаъ дар Комиссияи олии мустақили интихоботи Ироқ эълом кард: Феҳристи Алнаср вобаста ба Ҳайдар Алъибодӣ, нахуствазири Ироқ, пештози натоиҷи интихоботи парлумонии ин кишвар аст.

Феҳристи Алсоирун вобаста ба Муқтадӣ Садр, раиси ҷарёни Садр дар ҷойгоҳи дувуми натоиҷи интихоботи парлумонии Ироқ қарор дорад.  

Феҳристи Алфатҳ вобаста ба Ҳодӣ Алъомирӣ, дабири кулли созмони Бадри Ироқ, дар ҷойгоҳи севум ва феҳристи Давлати Қонун ба раёсати Нурӣ Алмоликӣ, муовини раисҷумҳури Ироқ дар ҷойгоҳи чаҳорум ҳастанд.