Июл 13, 2017 19:55 Asia/Dushanbe
  • Иморот: Қатар танҳо ду роҳ пеши рӯ дорад

Вазири умури хориҷаи Иморот гуфт, Қатар танҳо ду гузина пеш рӯ дорад, ё бояд ба эътилофи мубориза бо терроризм бипайвандад ва ё дар тарафи дигар қарор гирад.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Иморот (Вом), Шайх Абдуллоҳ бин Зоид рӯзи панҷшанбе дар конфронси матбуотӣ бо Мирослав Лайчак ҳамтои славакии худ дар Братислав- пойтахти ин кишвар гуфт, Қатар бояд дар иҷрои тааҳҳудоташ талоши бештаре ба харҷ диҳад.

Вазири умури хориҷаи Иморот гуфт, миёни ончӣ Қатар анҷом медиҳад бо ончӣ аз ин кишвар интизор меравад, тафовути бисёре вуҷуд дорад.

Абдуллоҳ бин Зоид афзуд, мо дар минтақа тасмим гирифтем ба ҳеҷ гурӯҳи ифротӣ ва террористӣ иҷозаи фаъолият надиҳем.

Вайдар идома афзуд, Қатар яке аз кишварҳое аст, ки террористҳоро ҳимояти молӣ мекунад ва ба онон паноҳ медиҳад.

Абдуллоҳ бин Зоид таъкид кард, табъан мо ба шакли беҳтар бо ифротгароӣ, тундравӣ ва терроризм мубориза мекунем ва ниёз ба муттаҳидон ва дӯстони бештаре барои мубориза бо ин падида дорем.

Кишварҳои Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн моҳи гузашта ба баҳонаи ҳимояти Доҳа аз терроризм, равобити дипломатии худ бо Қатарро таҳти муҳосираи дарёӣ, ҳавоӣ ва заминӣ қарор доданд.