Эҳтимоли канор рафтани подшоҳи Арабистон ба нафъи писараш
(last modified Thu, 20 Jul 2017 10:26:23 GMT )
Июл 20, 2017 15:26 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли канор рафтани подшоҳи Арабистон ба нафъи писараш

Хабаргузории “Reuters” рӯзи чаҳоршанбе аз эҳтимоли канор рафтани Салмон бин Абдулазиз Ол Сауд, подшоҳи Арабистон ба нафъи писараш Муҳаммад бин Салмон дар моҳи сентябри оянда хабар додааст.

Ба гузориши радио тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории “Reuters”, як манбаи Саудӣ ба нақл аз як шоҳид дар Кохи подшоҳии Арабистон гуфт, Малик Салмон баёнияеро забт кардааст, ки дар он интиқоли қудрат ба писарашро эълом мекунад.  

Подшоҳи Арабистони Саудӣ 21 июни гузашта дар фармоне Муҳаммад бин Ноиф- валиаҳдро барканор ва писараш Муҳаммад бин Салмонро ба унвони валиаҳди ҷадид ва ҷонишини худ таъйин кард.

Муҳаммад бин Салмон дар ҳоле ба унвони валиаҳди ҷадид муаррифӣ шуд, ки падараш бар хилофи васияти Малик Абдуллоҳ- шоҳи пешини Арабистони Саудӣ, ибтидо Мақрин бин Абдулазиз- валиаҳди вақтро канор зад ва баъд ҳам Муҳаммад бин Ноифро аз ин симмат канор гузошт, то фарзандашро дар масири расидан ба подшоҳӣ қарор диҳад.

Муҳаммад бин Ноиф аз замоне, ки таҳти фишор маҷбӯр шуд ба нафъи Муҳаммад бин Салмон аз валиаҳдӣ канор биравад, дар ҳабси хонагӣ басар мебарад.