Июл 24, 2017 10:30 Asia/Dushanbe
  • Дархости уламои Фаластин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ

Уламои фаластинӣ рӯзи якшанбе дар баёнияе аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостанд, дар муқобили иқдомоти хасмонаи саҳюнистҳо алайҳи фаластиниён ва муқаддасоти исломӣ, эҳсоси масъулият кунад.

     Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз пойгоҳи хабарии шабакаи Ал Олам, уламои фаластинӣ ҳамчунин иқдоми хасмонаи режими саҳюнистиро дар насби гетҳои (гузаргоҳҳо) бозрасии баданӣ дар вурудиҳои Масҷид-ул-Ақсо маҳкум карданд ва муқовамат ва пойдории фаластиниёнро дар баробари режими ишғолгари Қудс сутуданд.

  Низомиёни режими саҳюнистӣ аз 14 то 23 июл ба дастури Бинямин Натаняҳу, нахуствазири ин режим, дарҳои Масҷид-ул-Ақсоро ба рӯи боздидкунандагон ва намозгузорони фаластинӣ бастанд ва баъд аз бозгушоӣ он низ гетҳоеро барои бозрасии намозгузорон дар вурудиҳои ин масҷид насб карданд.

  Ин иқдоми хасмонаи режими саҳюнистӣ мӯҷиби эътирози шадиди фаластиниён ва бисёре аз мақомоти байналмилалӣ ва кишварҳои исломӣ шудааст.

   Низомиёни режими ишғолгари Қудс, эътирози фаластиниҳоро саркӯб мекунад ба тавре, ки аз 14 то 23 июл ҳашт фаластиниро шаҳид ва садҳо нафарро захмӣ кардааст.

  Иқдомоти султаҷӯёнаи режими саҳюнистӣ дар қиболи Қудс ва Масҷид-ул-Ақсоо дар ҳоле аст, ки ЮНЕСКО соли гузашта бо тасвиби қатъномае ҳар гуна робитаи таърихӣ, динӣ ва ё фарҳангии яҳудиёнро бо маконҳои муқаддас дар шаҳри Қудс, бавижа дар Масҷид-ул-Ақсо рад кард ва ин масҷидро макони муқаддас барои мусулмонон донист.

 

Барчасп