Июл 24, 2017 11:44 Asia/Dushanbe
  • Фурӯши занони мусилӣ дар бозори бардафурӯшии ДИИШ

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар идомаи ҷиноятҳои худ дар Ироқ, теъдоде аз занони рабуда шудаи ироқиро дар Каркук ба фурӯш мерасонад.

     Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз шабакаи Сумирия нюзи Ироқ, гурӯҳи террористии ДИИШ ин занонро аз Мусил рабуда ва дар бозори бардафурӯшии худ, ки дар шаҳри ал Ҳувайҷа дар ҷанубу ғарби устони Каркук ба роҳ андохта, мефурӯшад.

  Шаҳри ал Ҳувайҷа ҳанӯз дар ишғоли террористҳои ДИИШ аст ва неруҳои артиши Ироқ, дар ҳоли омода шудан барои иҷрои амалиёти озодсозии ин минтақа ҳастанд.

   Гурӯҳи террористии ДИИШ, ки аз соли 2014 бахшҳое аз шимолу ғарби Ироқро ба ишғоли худ даровард, занон ва духтарони ироқӣ аз қавмиятҳо ва адёни мухталифро ба бардаи ҷинсӣ табдил кардааст.

   Пас аз озодсозии Мусил дар шимоли Ироқ аз ишғоли ДИИШ, ахбори асорати духтарону занон ва фурӯши онон афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп