Июл 25, 2017 15:40 Asia/Dushanbe
  • Вазири дифои Қатар: Эрон ба Қатар нафас дод

Вазири дифои Қатар гуфт, пас аз таҳрими чаҳор кишвари арабӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гушудани ҳарими ҳавоии худ ба рӯйи парвозҳои Қатар нахустин роҳи нафасгириро барои Доҳа боз кард.

Ба гузориши ИРНА, Холид ибни Муҳаммад ал-Атия, вазири дифои Қатар гуфт, Эрон илова бар бозгушоии ҳарими ҳавоии худ ба рӯйи парвозҳои Қатар бархе аз ниёзҳои маводи ғизоии Доҳаро ҳам таъмин кард. Вазири дифои Қатар бо баёни ин ки Эрон ҳамсоя ва шарики Қатар дар майдони газии шимоли ин кишвар аст, афзуд, ин шарикӣ ва ҳамсоягӣ дар сояи барқарории ҳусни ҳамҷвории байни ду кишвар Доҳаро ба ҳамкорӣ бо Теҳрон водор мекунад. Муҳаммад ал-Атия таъкид кард, дар сурате ки Арабистон, Миср, Иморот ва Баҳрайн ба муҳосираи Қатар поён надиҳанд, Доҳа ба роҳкорҳои қонуни байналмилалӣ рӯй хоҳад овард.

Арабистон, Иморот, Баҳрайн ва Миср имрӯз, сешанбе, феҳрасти ҷадиде аз ниҳоду афроди ба гумони онон вобаста ба гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Қатарро мунташир карданд. Ин чаҳор кишвар аз панҷуми июни имсол бо муттаҳам кардани Қатар ба ҳимоят аз терроризм равобити худро бо Доҳа қатъ карда, ҳамзамон марзҳои заминию ҳавои худро бар рӯйи Қатар бастанд.

 

Барчасп