Намози ҷавони фаластинӣ бо вуҷуди ҳамлаи низомиёни саҳюнист (видео)
Намоз хондани як фаластинӣ дар миёни тирандозии саҳюнистҳо ба намозгузорони Қудс, расонаҳоро шигифтзада кард.
Ба гузориши радио тоҷикии “Садои Хуросон” ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал Ватан, низомиёни саҳюист бо шиллики бомбаҳои савтӣ, гулӯлаҳои палостикӣ ва гази ашковар ба намозгузорон ва мӯътаризони фаластинӣ ҳамла карданд ва ҳамаро фирорӣ доданд, аммо дар ин миён, як шаҳрванди фаластинӣ бидуни таваҷҷуҳ ба садои инфиҷорҳо ва ҳамлаи аспсаворҳо, намозт худро ба поён бурд ва сипас аз ҷойи худ бархост.
Ин даргирӣ миёни низомиёни саҳюнист ва фаластиниҳои Қудс иттифоқ афтод, ки дар эътироз ба эҷоди гузаргоҳҳои электроникӣ бар дарвозаҳои Масҷид ул Ақсо, намозро дар хиёбонҳои атрофи ин масҷид барпо карда буданд.