Озодсозии шаҳри Ал Сухна дар устони Ҳимси Сурия
Артиши Сурия рӯзи шанбе, шаҳри Ал Сухна, охирин пойгоҳи гурӯҳи террористии ДИИШ дар атрофи шарқи Ҳимсро озод кард.
Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (Соно), артиши Сурия ва неруҳои муқовамат дар набарди озодсозии шаҳри Ал Сухна (Al-sukhnah” шумори зиёде аз аносури гурӯҳи террористии ДИИШ-ро ба ҳалокат расонданд ва таҷҳизот ва муҳиммоти низомии онҳоро мунҳадим карданд. Артиши Сурия акнун дар ҳоли таъмини амнияти комили шаҳр ва хунсосозии бомбаҳо ва минаҳои коргузошта шуда дар хиёбонҳо ва сохтмонҳо аст.
Шаҳри роҳбурдии Ал- Сухана дар 50 километрии шимолу шарқи шаҳри таърихии Тадмор ва 50 километрии шаҳри Дайр-уз-Зур қарор дорад ва бузургтарин маркази таҷаммӯи ДИИШ дар Риф- шарқи устони Ҳимс аст.
Хабари дигар ин ки артиши Сурия шомгоҳи шанбе низ дар бист километрии мавозеи гурӯҳи террористии ДИИШ дар ҷануб байни марзи устонҳои Раққа ва Ҳимс, нерӯ пиёда кард.
Як манбаи низомӣ гуфт, амалиёти муваффақиятомези пиёда кардани нерӯ, боис шуд ягонҳои артиши Сурия, бо пешравии 21 километрӣ бар минтақаи “Харба Макмон” ва “Алкадир” тасаллут пайдо карданд.