Август 17, 2017 18:06 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарӣ дар бораи шоҳзодаҳои нопадид шудаи Саудӣ ва сукути Риёз

Муҷтаҳид, ифшогари “Твиттер”-ии машҳури Арабистон, дар твитти ҷадиде фош кард, ки Риёз натавонистааст, хилофи масоили ифшо шуда дар шабакаи “ББС”-и арабиро дар бораи ҳаводиси ҷорӣ дар ин кишвар исбот кунад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Муҷтаҳид дар сафҳаи “Твиттер”-и худ навишт, филми мустанаде, ки дар бораи шоҳзодагони рабуда шудаи Арабистон аз шабакаи “ББС”-и арабӣ пахш шуд, дурустии тамоми иттилоотеро, ки худи ӯ дар бораи моҷарои шоҳзода Султон бин Туркӣ ва шоҳзодаи Сауд бин Сайф ифшо кардааст, таъйид мекунад.

Муҷтаҳид дар “Твиттер”-и дигаре навишт, равшан аст, ки агар Арабистон мадрак ё санаде, ки нишондиҳади ин филми мустанад ҷонибдорона будааст дар ихтиёр дошт, ба таври қатъ аз тариқи Созмони танзимкунандаи муқаррароти расонаии Бритониё, шабакаи “ББС”-ро ба шиддат муҷозот мекард.

Гуфтанист, “ББС”-и арабӣ дар як филми мустанади 30 дақиқаӣ, ки ҳосили як сол таҳқиқ дар бораи фаъолитҳои махфиёнаи мақомҳои Саудӣ аст, шавоҳид ва мадорикеро матраҳ кард, ки нишон медиҳад, бархе аз шоҳзодагони Саудӣ дар солҳои 2015 ва 2016 дар чанд кишвари аврупоӣ нопадид шуда ва ба зӯр ба Арабистон баргардонда шудаанд.

Монандии шоҳзодагони рабуда шуда ин аст, ки ҳамагӣ аз мунтақидони маъруфи хонадони салтанатии Арабистон будаанд.

Яке аз ин шоҳзодагон бидуни муҳокима зиндонӣ шудааст, аммо аз сарнавишти бақия иттилое дар даст нест.

 

 

Барчасп