Август 20, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Эътирози саҳюнистҳо ба фасоди молии Натаняҳу

Садҳо саҳюнист дар эътироз ба таъхир дар расидагӣ ба парвандаҳои фасоди Бинёмин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ тазоҳурот карданд.

Ба гузориши маркази иттилоърасони “Фаластин”, тазоҳуркунандагони саҳюнист саъй доштанд, худро ба шаҳри Петаҳ Тиква, шарқи Тел-Авив расонда, бо ҳузур дар муқобили манзили Авекҳай Манделблит, мушовири ҳуқуқии режими саҳюнистӣ хостори тасреъ дар расидагӣ ба парвандаҳои фасоди Натаняҳу шаванд, аммо нерӯҳои пулис бо мустақар шудан дар хиёбонҳо ҷилави вуруди муътаризон ба ин шаҳрро гирифтанд. Пас аз мамониати пулис аз ҳаракати муътаризону тазоҳуркунандагон ба самти манзили Манделблит теъдоде аз онҳо ба самти мақарри пулис дар шаҳри Петаҳ Тиква ҳаракат карданд, то эътирози худро ба ин иқдоми пулис нишон диҳанд.

Саҳюнистҳо тайи моҳҳои гузашта борҳо дар эътироз ба фасоди Натаняҳу алайҳи ӯ тазоҳурот баргузор карда, хостори барканорияш шудаанд. Муҳимтарин парвандаи фасоди молие, ки дар бораи Натаняҳу матраҳ мешавад, дарёфти як миллион доллар аз Арнуад Мимран, муфсиди иқтисодии фаронсавӣ аст, ки гуфта мешавад, барои таблиғоти нахуствазирии Натаняҳу ҳазина шудааст. Нахуствазири режими саҳюнистӣ ба иллати хариди се киштии зериобӣ аз Олмон ҳам ба арзиш беш аз як миллиард доллар мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтааст.

 

Барчасп