Август 27, 2017 12:41 Asia/Dushanbe
  • Шумори қурбониёни вабо дар Яман аз ду ҳазор нафар гузашт

Шумори қурбониёни ҳамагирии бемории вабо дар Яман, аз ду ҳазор нафар фаротар рафт.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар гузорише эълом кард, аз замони шӯюъи бемории вабо дар Яман, дар авохири апрели гузашта, токунун омори талафоти ин беморӣ дар манотиқи мухталифи ин кишвар ба 2018 тан расидааст.

Дар ин гузориш омадааст, вабо дар 22 устон аз маҷмуи 23 устон ва 300 шаҳр аз маҷмуи 333 шаҳри Яман, паҳн шуда ва токунун 565 ҳазору 41 мавриди ибтило ба ин беморӣ дар саросари Яман ба сабт расидааст.

Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ гузориш кард, устони Ҳудайда дар ғарби Яман бо сабти ҳудуд 70 ҳазор мавриди мушоҳидаи бемории вабо, бештарин омори мубталоён ба ин беморӣ дар саросари ин кишварро дорад.

Бештарин шумори қурбониёни вабо низ дар устони Ҳиҷҷа дар шимолу шарқи Яман ва дар марз бо Арабистон, бо 382 нафар сабт шудааст.

Ҳамлаҳо ва бомбаборонҳои пай дар пайи режими Оли Сауд ва эътилофи зидди Яман бо ҳамкории Амрико ва режими саҳбнистӣ, илова бар куштан ва маҷрӯҳ кардани даҳҳо ҳазор нафар аз яманиҳо, нобудии зерсохтҳо, аз ҷумла камбуди оби ошомидании беҳдоштиро дар пай доштааст, ки ин масъала дар канори муҳосира ва камбуди маводи доруӣ ва ғизоӣ, аз далоили муҳимми густариши мушкилоти беҳдоштӣ ба хусус бемории вабо дар Яман аст.