Сентябр 05, 2017 11:20 Asia/Dushanbe
  • Риёз ҳамлаи расонаӣ ба Эронро мамнӯъ кард

Мушовири девони салтанатии Арабистон ба расонаҳои саудӣ дар дохил ва хориҷи ин кишвар дастур додааст, то ба Эрон ва шиаён ҳамла накунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, манобеъи баландпоя дар Арабистон ба рӯзномаи электроникии Раъй Алявм гуфтанд мушовири девони салтанатии Арабистон ба расонаҳои саудӣ дар дохил ва хориҷи ин кишвар дастури қотеъ додааст, ки ба Эрон ва шиаён ҳамла накунанд.

 Бино бар ин гузориш ин дастур ба нависандагони матбуот, фазои маҷозӣ ва шабакаҳои телевизионӣ дода шудааст.  Ба гуфтаи ин манбаъҳо ин дастур дар чорчуби наздикии ду кишвар баъд аз тафоҳуми дуҷониба дар хусуси масоили Ҳаҷ ва риояи бандҳои тавофуқҳо аз ҷониби зоирони эронӣ дода шудааст.

 Бархе манбаъҳои хабарӣ ҳам эълом кардаанд,ки 2 ҳайати саудӣ, ки қарор аст барои боздид аз сафорати Арабистон ба Теҳрон биёяд, тармим ва таъмири сафоратро базудӣ оғоз мекунад.

Ин манбаъҳо аз эҳтимол дур намедонанд, ки баъд аз таъмири бинои сафорат дар чанд моҳи оянда сафорати Арабистон дар Теҳрон бозгушоӣ шавад.

Барчасп