Даргирии лафзии мақомоти Қатар ва Арабистон бар сари Эрон
Мақомоти қатарӣ ва саудӣ дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Араб дар Қоҳира, бар сари Эрон бо якдигар даргирии лафзӣ пайдо карданд.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, ин даргирии лафзӣ пас аз он оғоз шуд, ки Султон ибн Саъд Ал Амрихӣ, вазири мушовири Қатар дар умури равобити хориҷӣ, аз Эрон тамҷид кард ва Эронро «давлати шариф» хонд.
Султон ибн Саъд Ал Амрих иқдоми чаҳор кишвари арабӣ алайҳи кишварашро «муҳосираи золимона» ва «ғайри қонунӣ» хонд ва гуфт, ба Худо қасам Эрон собит кард, ки давлати шарифе буда ва ҳаргиз моро маҷбӯр ба бозгушоӣ ё бастани сафоратамон дар инҷо ва онҷо накардааст.
Ин изҳороти мақоми қатарӣ бо вокуниши шадиди Аҳмад Қатаан, сафири Арабистон дар Миср ва намояндаи Саудӣ, дар Иттиҳодияи Араб рӯбарӯ шуд.
Аҳмад Қатаан таъкид кард, ки «Қатар аз иртиботаш бо Эрон пушаймон хоҳад шуд.»
Қатаан изҳороти мақоми қатариро ба истилоҳи худаш музҳик тавсиф кард ва бо такрори иттиҳомоти бе асоси ҳамешагӣ алайҳи Теҳрон муддаӣ шуд, Эрон кишваре аст, ки алайҳи кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс тавтеа мекунад.
Чаҳор кишвари Арабистони Саудӣ, Иморот, Баҳрайн ва Миср аз панҷуми июн равобити дипломатии худро бо Қатар мутаваққиф ва хостаҳое, аз ҷумла қатъи иртибот бо Эрон ва қатъи кӯмак ба гурӯҳҳоеро, ки ба эътиқоди ин кишварҳо террористӣ ҳастанд матраҳ карданд, аммо Қатар ин хостаҳоро рад кардааст.