Юриши нерӯҳои амниятии Арабистон ба масоҷиди ин кишвар
(last modified Fri, 15 Sep 2017 15:00:34 GMT )
Сентябр 15, 2017 20:00 Asia/Dushanbe
  • Юриши нерӯҳои амниятии Арабистон ба масоҷиди ин кишвар

Нерӯҳои амниятии режими Оли Сауд ба чандин масҷид дар шаҳрҳои Қатиф, Тоиф, Унайза ва Риёз юриш бурда, онҳоро таътил карданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “ал-Аҳд”, корбарони арабистонии шабакаҳои иҷтимоӣ рӯзи ҷумъа дар “Твиттер” эълом карданд, нерӯҳои амниятии Арабистон дар юриш ба теъдоде аз масҷидҳо бархе имомони масоҷид, аз ҷумла Шайх Муҳаммад Ҳалвонӣ, имоми ҷамоати масҷиди Малик Фаҳди шаҳри Тоифи вилояти Макка ва Шайх Қутомӣ, имоми ҷамоати масҷиди минтақаи Ам-ул-ҳамоми шаҳри Қатиф, шарқи Арабистонро дастгир карданд. Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои амниятии Арабистон ҳамчунин масоҷиди шаҳри Унайза, маркази Арабистон, Ибни Аббос дар шаҳри Тоиф ва масҷиди Ибни Наҳияти минтақаи Назими шаҳри Риёзро бастанд. Пештар бархе аз фаъолони иҷтимоӣ дар Арабистон аз мардум барои баргузории тазоҳурот дар рӯзи ҷумъа, 15-уми сентябр дар шаҳрҳои мухталиф дар қолаби ҷунбиши эътирозӣ бо номи “Ҳаррок” даъват карда буданд.

Абдулазиз ибни Абдуллоҳ Оли Шайх, муфтии аввали дарбори Арабистони Саудӣ рӯзи панҷшанбе барои ҷилавгирӣ аз роҳпаймоии ҷунбиши 15-уми сентябр ҳомиёни баргузории ин роҳпаймоиро омили фасоду фитна хонд.