Курдҳо пас аз ДОИШ сенарияи навбатӣ дар Ховари Миёна?
Бо вуҷуди мухолифатҳои минтақаӣ, байналмилалӣ ва ҳамчунин мухолифати шадиди давлати марказии Бағдод бо баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ, ин ҳамапурсӣ рӯзи душанбе, 25 уми сентябр баргузор шуд.
Тарҳи Ховари Миёнаи бузург ё ташкили кишварҳои кӯчаку заиф
Дар иртибот бо баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ дар минтақаи Курдистони ироқ дидгоҳҳои мухолифи зиёде дар ин минтақа ва берун аз он матраҳ шудааст, ки раҳбарони ташкили ҳамапурсиро ба тааммул ва андешаву мулоҳизакорӣ аз авоқиби ногувори ин иқдом фаро мехонад. Барои мисол, Аднон Усмон, коршиноси сиёсӣ ва аз аъзои ҳизби норозии Аттағйири ин минтақа дар ин робита гуфт, ин ҳамапурсӣ аз тариқи ниҳоди қонунгузорииминтақаи Курдистони Ироқ анҷом намешавад. Зеро парлумони маҳаллии ин минтақа тақрибан аз ду соли пеш таътил аст ва ишколе ки дар бораи баргузории ҳамапурсӣ матраҳ аст, марбут ба замон ва тарафи баргузоркунандаи он аст. Аз сӯйи дигар, коршиносон дар равиши баргузории ин ҳамапурсӣ ва муғойирати он бо қонуни асосии давлати Ироқ ишкол мегиранд. Оқои Афқаҳӣ, коршиноси масоили Ховари Миёна бо баёни ин ки ин ҳамапурсӣ ғайриқонунӣ аст, гуфт, ки аслан натиҷаи ин референдум муҳим нест, зеро он ғайриқонунӣ баргузор мешавад ва ташкилкунандаву нозиру шуморишгари оро низ як ҷониб аст.
Ҳамзамон иддае аз коршиносон ин ҳамапурсиро маҳкум ва аз оқибатҳои ногувори он ҳушдор медиҳанд. Коршиносон муътақиданд, курдистонсозӣ бозии навбатиии Амрико ва муттаҳидонаш алайҳи Эрон, Туркия ва Ироқ аст. Бархе ҳам бар ин назаранд, ки қавми курдӣ мисли қавмҳои дигар аз қадим арзи вуҷуд дошт, аммо Курдистон ном кишваре абадан дар торих вуҷуд надоштааст ва Эрон курдҳоро қабул дорад, аммо на ҳамчун ҷудоихоҳ, балки ҳамчун эронӣ. Мухолифони ин ҳамапурсӣ таҷзияи кишварҳо ва табдил додани онҳо ба кишварҳои кучаку заифро нақшаи душманон ва бар зарари қавмҳои минтақа, аз ҷумла курдҳо бармешуморанд.
Ҳамапурсии Курдистони Ироқро кишварҳои ҳамсояи Ироқ, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Сурия маҳкум ва ин ҷудоиро бар зарари мардуми курд медонанд. Ба гуфтаи онҳо Масъуди Боризонӣ, раҳбари ҳизби демократи Курдистони Ироқ бо садои табли дасти саввум ва мушаххасан Исроил мерақсад ва мардуми курдро қурбонии хостаҳои худ ва манофеи Исроилу муттаҳидонаш месозад. Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими Исроил тайи суханоне ахиран ба таври ошкор ҳимояти худро аз Боризонӣ эълом дошт ва гуфт, ки амнияти курдҳо амнияти Исроил ҳам ҳаст.
Чеҳраи мунофиқонаи Амрико дар мавзӯи ҳамапурсӣ
Коршиносони минтақаӣ бар ин назаранд, ки мавзеъгирии Исроил мушаххас аст, аммо Исроил дар танҳоӣ ҷуръати чунин иддаоро дар Ховари Миёна надорад ва ҳомиёни аслии ин режим, ки Амрико ва бархе кишварҳои муртаҷеи арабӣ ҳастанд, пушти парда амал мекунанд ва чеҳраи мунофиқонаашонро ошкор намекунанд. Меҳдии Хонализода, коршиноси равобити байналмилал дар робита ба нақши Амрико дар ин қазия гуфт, ҳарчанд Амрико дар зоҳир онамуд мекунад, ки мухолифи ин ҳамапурсист, аммо шавоҳид баръакси онро нишон медиҳад. Вай афзуд, Исроил пуштибони ин ҳамапурсист ва манофеи Амрико дар минтақа бо Исроил муштарак аст. Далели дигари ҳамсӯии Амрико бо ин мавзӯро ин коршинос мавзӯи таҷзия ё тақсими кишварҳои бузургтар ба кишвари кучак номид, ки ҳамеша роҳбурди Амрико дар Ховари Миёна ва дигар манотиқ будааст то таомул барояш осонтар бошад ва кишварҳои заиф тавони посухгӯӣ ва вокуниши ҷиддӣ бо Амрикоро нахоҳанд дошт. Масъалаи дигар аз нигоҳи ин коршинос, вуҷуди захоири болои нафтӣ ва ҳидрокарбонӣ дар Курдистони Ироқ аст, ки таваҷҷуҳи Амрикоро ҷалб кардааст. Чун баъд аз қазияи ҷанг бо ДОИШ давлатмардони ироқӣ Амрикоро беҳтар шинохтанд ва акнун ҳамкорӣ бо Ироқ барои Амрико сахттар шудааст ва мехоҳад бо ҳамдастии курдҳои ироқӣ, бидуни ҳамоҳангӣ бо давлати Ироқ ба ин манобеъ дастрасӣ дошта бошад ва курдҳо ҳам ба далели ниёзҳои молӣ ва таъмини истиқлоли худ рӯйи фурӯши нафт ҳисоб боз кардаанд. Ҳарчанд баъди ин ҳамапурсӣ курдҳои ироқӣ дар муҳосираи иқтисодӣ ва таҳримҳо қарор хоҳанд гирифт, чун ҳамаи марзҳояшон танҳо аз тариқи кишварҳои мухолифи ҳамапурсӣ хориҷ мешавад ва роҳи дигаре надоранд.
Тарҳи низои курду араб баъд аз фитнаи шиаву суннӣ
Оқои Афқаҳӣ, коршиноси масоили минтақа низ Амрикоро аз пуштибони аслии ин ҷудоиталабӣ маънидод карда гуфт, баъд аз шикасти ДОИШ Амрико ва муттаҳидонаш, ки бо ихтилофафканӣ миёни шиаву суннӣ ба ҳадаф нарасиданд, тарҳи дигареро рӯйи даст гирифтаанд, ки бо фитнаи қавмӣ миёни курду арабу турк мехоҳанд бар минтақаи Ховари Миёна тасаллут дошта бошанд. Ва агар ин сенария ҳам хунсо шавад, думболи тарҳи дигаре хоҳанд буд то ба аҳдофу манофеашон дастрасӣ дошта бошанд. Ҳадафи ниҳоии Амрико ва Исроил ҳам аз нигоҳи ин коршинос ин аст, ки ҳар кишваре дар минтақаи Ховари Миёна дар дохили худаш ба бахшҳову тиккаҳо ҷудо шавад ва дастрасӣ ба манобеи азими нафтии кшварҳои заиф барои онҳо осонтар гардад ва ҳоло барои расидан ба ҳадаф Боризониро васила ва курдҳоро қурбонӣ карданиянд. Оқои Афқаҳӣ муътақид аст, барои курдҳо ки мусалмону мутадайин ҳастанд ва парчамашонро мояи иззату истиқлоли худ мешуморанд, мояи нанг аст, ки парчами режими кӯдаккуши Исроилро дар канори он барафрошта созанд.
Вай ҳамчунин дасти амрикоиҳоро дар пушти парда таъйид карда мегӯяд, мақомоти амрикоӣ ва аз ҷумла Бернард Лифи, тарроҳи сиёсатҳои ҷангҷӯёнаи Амрико дар минтақаи Ховари Миёна ва тарроҳи инқилобҳои махмалин дар Шимоли Африқо, дар Миср ва дар Тунис ҳоло бо мақомоти курдӣ ҳамкорӣ доранд ва дар манзилҳои онҳо сукунат гузидаанд.
Давлати Ироқ ва иқлими Курдистон
Ёдовар мешавем, ки иддаои худмухторӣ ва руъёи истиқлол дар манотиқи курднишини Ироқ аз соли 1970 шуруъ шудааст. Замоне ки курдҳо баъди як низои тулонӣ бо давлати марказии бағдод билохира бар сари даъвои худмухторӣ ба тавофуқ расиданд. Ин тавофуқ чандон давом наёвард ва хеле зуд ҳизби баъси Саддом онро зери по гузошт. Ба ҳамин далел курдҳо дар Ироқ ба мухолифи сарсахту қавии давлати Ироқ табдил шуданд ва барои ҳамин ҳамеша аз ҷониби давлати марказӣ мавриди озору азият қарор мегирифтанд. То ҷое ки дар замони ҷанги Эрону Ироқ Саддом ба бомбаборони шимиёии бархе шаҳрҳои курднишини Ироқ низ пардохт. Саддом Ҳусейн дар соли 2003 суқут кард ва дар соли 2005 қонунии асосии Ироқ, ки бо мушорикати ҳамаи ақвоми ироқӣ навишта шуд, худмухтории Курдистонро ба расмият шинохт. Ба ин тартиб Ташкилоти худмухтори иқлими Курдистон ташкил шуд ва иқлими Курдистон номи манотиқи курднишини шимоли Ироқ аст.
Тибқи омори ғайрирасмӣ иқлими Курдистони Ироқ беш аз 8 миллион ҷамъиятро дар худ ҷой додааст ва аз шарқ бо Эрон, аз шимол бо Туркия ва аз ғарб бо Сурия ҳаммарз аст. Пойтахти иқлими Курдистон Арбил (Эрбил) аст ва курдҳо дар мавриди ҳудуду қаламрави он бо давлати марказии Ироқ ихтилофи назар доранд. Курдҳои иқлим илова бар се вилояти Сулаймония, Арбил ва Даҳук, хоҳони тасаллут бар вилояти нафтхези Киркук ва бахшҳое аз устонҳои Диёла, Найнаво ва Салоҳиддин ҳам ҳастанд. Аммо давлати Ироқ мухолифи ин иддаои курдҳост. Идораи умур дар Курдистон асосан аз тариқи парлумон, ки дар он қаблан намояндаи ду созмони асосии Ҳизби демократ ва Иттиҳодияи меҳанӣ ҳузур доштанд ва ахиран Ҳизби Тағйир ҳам зуҳур кард, анҷом мешавад. Парлумоне ки дар натиҷаи ихтилоф байни курдҳои ироқӣ тӯли ду соли ахир амалан таътил аст. Вазифаи дифоъ аз иқлим ҳам бар уҳдаи неруи мавсум ба Пешмарга аст.
Гурӯҳҳои аслии курдӣ дар Ироқ
Ба таври куллӣ Курдистони Ироқ асосан байни ду ҷараёни суронӣ ва бодинонӣ тақсим шудааст, ки ду навъ гӯиши курдии мутафовит доранд. Ҷараёни суронӣ таҳти раҳбарияти Ҷалол Толибонӣ бо марказияти Сулаймония аст ва ҷараёни дувуми бодинонӣ ҳам таҳти нуфузи Масъуди Боризонӣ ва марказияташ ҳам Арбил ва Даҳук аст. Гурӯҳе аз курдҳо бо ташкилоти худмухтори Курдистон розӣ набуданд ва руъёи кишвари мустақили Курдистонро дар сар мепарвариданд ва ҳамлаи ДОИШ ба Ироқ фурсати муносиберо барои онҳо фароҳам кард то мавзӯи истиқлол ҷиддатар матраҳ шавад. Тамаркузи давлати марказии Ироқ ба мубориза бо ДОИШ ва даргирӣ бо ин мушкил фурсати муносиберо барои курдҳо фароҳам кард то баъзе манотиқи сарватманди Ироқ, аз ҷумла вилояти нафтхези Киркукро шомили қаламрави худ кунанд. Бо эъломи амалиёти бузурги озодсозии Мавсил аз дасти доишиҳо, Боризонӣ бештарин истифодаро аз тамаркузи давлати марказӣ аз вилояти Найнаво дошт ва эълом кард, ҳамапурсии истиқлоли Курдистонро баргузор мекунад. Он ҳам дар ҳоле, ки Арбил, маркази Курдистон дар шароити буҳронӣ ва сахте қарор дорад. Парлумони ин иқлим таътил аст ва давраи раёсати Боризонӣ ҳам, ки аз сӯйи парлумон таъйид мешуд, поёнёфта талаққӣ мешавад. Муноқишаи ҷиддӣ байни аҳзоби аслии курдӣ шиддат ёфтааст.
Ба иддаои коршиносон, мухолифони ҳамапурсии Курдистони Ироқ давлати марказии Ироқ, гурӯҳҳои шиаву суннии Ироқ, давлати Эрону Туркияву Сурия ва мувофиқони он давлатҳои Арабистони Саудӣ, Иморот, Исроил ва Амрико ҳастанд. Бисёре аз коршиносон мегӯянд, қазияи ҳамапурсӣ роҳбури ҷадиди душманони Ироқ ва Ховари Миёна баъд аз ДОИШ аст ва курдҳо ҳоло ин васат қурбонӣ ё ба истилоҳ “василае барои тавҷеҳи ҳадаф”-и тарроҳон қаламдод мешаванд. Яъне тарҳи Ховари миёнаи бузурги Амрико ва Исроил ё таҷзияи кишварҳо ва ташкили кишварҳои хурд ва заифе ки идораи онҳо осон ва вобастаи абарқудратҳост, ин бор ба шакли ихтилофи қавмӣ буруз дода шудааст то манофеи истеъморгарон ба роҳатӣ таъмин гардад.