Мом Ҷалол даргузашт
Телевизиони Ироқ даргузашти Ҷалол Толибонӣ, раисҷумҳури собиқи ин кишварро расман таъйид кард.
Расонаҳои Ироқ дақоиқе пеш хабари фавти Ҷалол Толибонӣ, раисҷумҳури собиқи Ироқ ва раҳбари Иттиҳодияи меҳани Курдистони ин кишварро дар бемористоне дар Олмон эълом карданд.
Ҷалол Толибонӣ соли 1933 дар наздикии шаҳри Арбили Ироқ ба дунё омад. Ӯ, ки ба далели маҳбубияти зиёдаш миён курдҳо "мом Ҷалол" (аму Ҷалол) хитоб мешуд, нахустин раисҷумҳури ғайриараби Ироқ буд, ки дар соли 2005, ду сол пас аз оғози таҳоҷуми низомии Амрико ба Ироқ ва сарнагунии режими Саддом ба ин симмат интихоб шуд. Ин раҳбари мубориз, ки баъд аз ташкили низоми сиёсии ҷадиди Ироқ нақши муҳиме дар ваҳдати Ироқ ифо кард, пас аз солҳо беморӣ имрӯз, сешанбе, сеюми октябр дар 84-солагӣ даргузашт. Ҷалол Толибонӣ, ки шахсияти харизматике миёни курдҳои Ироқ буд, бештари умри худро ба унвони пешмарг дар мубориза бо режими баъси Ироқ гузаронд ва раҳбарии ҷунбишҳои мусаллаҳонаи мухталиферо алайҳи ҳукумати Саддом ба уҳда дошт.