Поксозии 90 дарсадии Сурия аз вуҷуди террористҳо
(last modified Thu, 05 Oct 2017 14:19:58 GMT )
Октябр 05, 2017 19:19 Asia/Dushanbe
  • Поксозии 90 дарсадии Сурия аз вуҷуди террористҳо

Раиси Маркази мубориза бо терроризми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) гуфт, ҳудуди 90 дарсади сарзамини Сурия аз дасти гурӯҳҳои террористӣ озод шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Андрей Новиков, раиси Маркази мубориза бо терроризми Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, бар асоси тахминҳои низомӣ, 90 дарсади сарзамини Сурия аз вуҷуди гурӯҳҳои террористӣ поксозӣ шудааст, ки як натиҷаи бисёр мусбат аст.

Андрей Новиков гуфт, ДИИШ, ки дар Сурия мутаҳаммили талафоти зиёде шуда, дар ҳоли интиқоли аъзои террористи худ ба Покистон аст.

Авоили сентябр, неруҳои низомии Сурия бо ҳимояти ҳавоии Русия, муҳосираи се солаи гурӯҳи такфирӣ террористии ДИИШ-ро дар ғарб ва ҷануб Дайр аз-Зур шикастанд.