Таваққуфи размоиш: Зарбаи Амрико ба Арабистон
Амрико размоиши низомӣ дар Халиҷи Форсро мутаваққиф кард.
Ба гузориши «Wall Street Journal», иқдоми давлати Амрико ба таълиқи мушорикаташ дар размоиши низомӣ дар минтақаи Халиҷи Форс, зарбае ба Арабистони Саудӣ ва валиаҳди ин кишвар аст.
Ситоди фармондеҳии марказии Амрико, ба иллати буҳрони дипломатии бархе аз кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс бо Қатар, таваққуфи мушорикати худ дар размоишҳои низомӣ дар он минтақаро эълом кард.
Ҷон Томас, сухангӯи Ситоди фармондеҳии марказии Амрико дар ин бора гуфт, тасмими гирифтаем дар бархе аз тамриноти низомӣ, ки бо ҳадафи мушорикати ҳама дар дастёбӣ ба манофеи минтақаии муштарак бошад, ширкат накунем.
Хонадонҳои подшоҳӣ дар ин минтақа, аз ҷумла хонадони Оли Сауд дар Арабистон тақвияти шарокат бо Амрикоро абзоре барои тақвияти амнияташон талаққӣ мекунанд, аз ин рӯ, таълиқи размоишиҳои низомӣ зарбае қавӣ барои онҳо ба ҳисоб меояд.