Октябр 10, 2017 18:08 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи вазири умури хориҷии Арабистон ба густариши ифротгароӣ дар ин кишвар

Вазири умури хориҷии Арабистон ба густариши нафрату ифротгароӣ дар ин кишвар эътироф кард.

Рӯзномаи “Акоз”-и Саудӣ рӯзи сешанбе навишт, Одил ал-Ҷубайр дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии “Русия 24” гуфт, шумори зиёде аз арабистониҳои тундрав дар суфуфи гурӯҳи террористии ДИИШ меҷанганд, ки ин афрод амнияти Арабистон ва дигар кишварҳои ҷаҳонро таҳдид мекунанд. Ӯ афзуд, то кунун фаъолияти чандин ҳазор нафар аз хатибони масоҷиди Арабистон пас аз исботи доштани афкори ифротӣ ва интишори ин афкор миёни мардум манъ шуд. Вазири умури хориҷии Саудӣ ҳамчунин таъкид кард, ки низоми омӯзиши ин кишвар бояд барӯзрасонӣ шавад, то матнҳое, ки дар китобҳои дарсӣ ба ифротгароӣ даъват мекунад, тағйир ёбанд.

Одил ал-Ҷубайр гуфт, Арабистон барои муқобила бо ин тундравҳо бо Русия ҳамкорӣ хоҳад кард.