Ноябр 06, 2017 22:27 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳаракати миллионии зоирони Ҳусайнӣ аз Бағдод ба Карбало

Ҳаракати миллионии зоирони Арбаини Ҳусайнӣ имрӯз аз Бағдод, пойтахти Ироқ ба самти Карбало, ҳарами саидулшуҳадо Абоабдиллоҳ Алҳусайн (а) дар 110 километрии ҷануби Бағдод оғоз шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Ирно, зоирони Арбаини Ҳусайнӣ бо пайвастан ба пиёдаравии умумии зоирони устонҳои Диёла, Киркук ва Салоҳиддин ба самти Карбало ҳаракат карданд .

Нерӯҳои амниятии Ироқ бо ташдиди тадобири амниятӣ ва эҷоди меҳварҳои мушаххас барои ҳаракати муштараки зоирони Бағдод ва устонҳои шимолии пойтахти Ироқ, онҳоро аз чанд ҷоддаи камарбандӣ ба самти ҷануби Бағдод ҳидоят мекунанд .

Ҳаракати пиёдаравии зоирони Арбаини Ҳусайнӣ аз аввали моҳи сафар, аз Раъс Албайша, ҷанубитарин нуқтаи Ироқ дар устони Басра шуруъ шуда ва охирин ҳаракати пиёдаравии зоирони Ҳусайнӣ мутааллиқ ба Бағдод аст, ки маъмулан дар чаҳор, панҷ рӯзи охири монда ба Арбаини шуруъ мешавад .

Бо шуруи ҳаракати азими пиёдаравии зоирон аз Бағдод интизор меравад, ки ҳаёҳуи шаҳрии Бағдод ва шаҳрҳои ҷанубии Ироқ монанди Басра, Носирия, Алсамова, Девония, Алъамора ва рустоҳои ин устонҳо, дар рӯзҳои оянда ба иллати тахлияи шаҳр ва рафтани аксарияти мардум ба Карбало, батаври маҳсусе фурукаш кунад .

Бистуми моҳи сафари 1439 ҳиҷрии қамарӣ (9 ноябри 2017) Арбаини шаҳодати ҳазрати имом Ҳусайн (а), имоми сеюми шиаёни ҷаҳон ва ёронаш дар саҳрои Карбалост .

Миллионҳо мусулмон аз саросари ҷаҳон дар ин рӯз барои ҳузур дар маросими Арбаин, вориди ин шаҳр дар ҷануби Ироқ мешаванд .

 

Барчасп