Ноябр 09, 2017 19:20 Asia/Dushanbe
  • Мамониати саудиҳо аз вуруди ҳавопаймоҳои Созмони пизишкони бидуни марз ба Яман

Созмони байналмилалии пизишкони бидуни марз эълом кард, эътилофи Саудӣ се рӯз аст, ба ҳавопаймоҳои ин созмон иҷозаи вуруд ба Яманро намедиҳад.

Созмони пизишкони бидуни марз дар баёнияе эълом кард, ин созмон иҷозаи фаврии вуруди ҳавопаймоҳои худро ба Яман ба манзури ироаи кумакҳои инсонӣ ба ниёзмандон, хоҳон аст .

Созмони пизишкони бидуни марз дар ин баёния тасреҳ кард, иқдоми эътилофи Саудӣ ба бастани гузаргоҳҳо ва марзҳои Яман бо усули бетарафӣ, ки мутазаммини иқдоми тимҳои имдодрасонӣ ва расидани кумакҳои инсондӯстона ба дасти ниёзмандон аст, таноқуз дорад.  

Ҷостин Ормстронг, раиси тими эъзомии Созмони пизишкони бидуни марз ба Яман гуфт, талошҳои мустамар барои дарёфти муҷаввиз аз саудиҳо дар хусуси эъзоми ҳавопаймоҳои ин созмон аз масири Ҷибутӣ ба Яман, токунун бенатиҷа мондааст .

Арабистони Саудӣ дар вокунише ғайринизомӣ ба ҳамлаи мушакии рӯзи душанбеи нерӯҳои Яманӣ ба пойгоҳи ҳавоии Малик Холид дар ҳумаи Риёз, тамомии гузаргоҳҳои ҳавоӣ, заминӣ ва дарёии ин кишварро бастааст .

Ормстронг ҳушдор дод, ин иқдоми саудиҳо ҷони даҳҳо ҳазор нафар ба вижа занону кӯдаконро дар Яман ба хатар андохтааст .

 

Барчасп