Ноябр 09, 2017 21:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши бекорӣ ҳамзамон бо рукуди шадиди иқтисодӣ дар Арабистон

Ҳамзамон бо афзоиши омори бекорӣ дар Арабистон, иқтисоди ин кишвар ба шиддат дучори рукуд шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, миёнгини бекорӣ дар Арабистон дар се моҳаи дуввуми соли ҷорӣ ба 12/8 дарсад расидааст .

Ҳамчунин маҷмуи машоғили ҷадид барои ғайриарабистониҳо, ба миёнгини 161 ҳазор шуғл коҳиш ёфтааст .

Бо афзоиши омори бекорӣ дар Арабистон, рукуди иқтисодӣ дар ин кишвар ба сабаби аз даст додани ниме аз захираи арзии худ дар се соли гузашта, ташдид шудааст .

Ҳамалоти Арабистон ба Яман ҳазинаи ҳангуфтеро бар души саудиҳо гузошта, зимни инки раванди нузулии баҳои нафт муҷиби коҳиши захоири арзии онҳо шудааст ва ин масоил метавонад муҷиби лағви бисёре аз тарҳҳои ин кишвар ба арзиши беш аз 20 миллиард доллар шавад .

 

 

Барчасп