Сарватмандони Арабистон дар фикри интиқоли дороиҳои худ ба хориҷ аз кишвар
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i25354-Сарватмандони_Арабистон_дар_фикри_интиқоли_дороиҳои_худ_ба_хориҷ_аз_кишвар
Дар пайи боздошти даҳҳо мақом ва бозаргони хонаводаи салтанатии Арабистон, сарватмандони саудӣ барои ҷилавгирӣ аз баста шудан ва мусодира шудани амволи худ дар ҳоли интиқоли дороиҳои худ ба хориҷ аз Арабистон ҳастанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Ноябр 11, 2017 15:51 Asia/Dushanbe
  • Сарватмандони Арабистон дар фикри интиқоли дороиҳои худ ба хориҷ аз кишвар

Дар пайи боздошти даҳҳо мақом ва бозаргони хонаводаи салтанатии Арабистон, сарватмандони саудӣ барои ҷилавгирӣ аз баста шудан ва мусодира шудани амволи худ дар ҳоли интиқоли дороиҳои худ ба хориҷ аз Арабистон ҳастанд.

Ба гузориши “Алахбор”, мавҷи боздоштҳо дар Арабистон муҷиби “тарсу ваҳшат”-и сарватмандони арабистонӣ, ба вижа тоҷирони ва шоҳзодагон шудааст.

Онон нигаронанд, барномаи режими Саудӣ дар масири “мубориза бо фасод” ба барномаи “сирқати мусаллаҳона”-и дороиҳои фаъолони бахши хусусӣ табдил шавад.

Бар асоси ин гузориш, шуморе аз тоҷирон ва шоҳзодагон дар ҳоли музокира бо бонкҳо, ширкатҳои бима, коршиносони молӣ ва мушовирони иқтисодӣ ҳастанд то дороиҳои худро аз Арабистон ва дигар кишварҳои узви Шӯрои Ҳамкории халиҷи Форс ба дигар кишварҳо мунтақил кунанд.

 Дар пайи коҳиши саҳмияи аксари ширкатҳо ва марокизи тиҷории ғайридавлатии бозори бурси Арабистон, сармоягузорон аз иқдомоти Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди саудӣ, ки боиси нобасомонии вазъияти молӣ ва иқтисодии кишвар шудааст, иброз нигаронӣ кардаанд.

Масдуд шудани беш аз ҳазору 700 ҳисоби бонкӣ ва боздошти соҳибони он таъсири номатлубе бар авроқи баҳодор дар бозорҳои бурси ҷаҳонӣ гузошта ва нархи табдили риёли саудӣ бо долларро коҳиш додааст.