Ноябр 11, 2017 18:28 Asia/Dushanbe
  • Вазорати умури хориҷаи Яман: Иддаоҳои Амрико дар бораи Эрон масхара аст

Вазорати умури хориҷаи Яман, иддаоҳои Амрико бино бар дахолати Эрон дар ҳамлаи мушакии Яман ба Риёзро музҳик донист.

Ба гузориши рӯзи шанбеи шабакаи “Ал Олам”, вазорати умури хориҷаи Яман тайи баёнияе бо ишора ба ҳаёҳуи таблиғотии вазорати умури хориҷа ва вазорати дифои Амрико дар пайи исобати як мушаки яманӣ ба Риёз, таъкид кард, ҳар кишваре, ки ҳадафи ҳамла қарор мегирад, ҳаққ дорад аз худ дифо кунад ва Вашингтон инро фаромӯш кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Яман изҳороти Jeffrey Hogan аз фармондеҳони нерӯи ҳавоии Амрикоро дар бораи дахолати Эрон дар ҳамлаи мушакии ахири Яман ба Риёз низ тақвияти силоҳи мушакии Яманро талоши нофарҷом дар ҷиҳати ҳамлаи расонаӣ ва таблиғотӣ зидди Эрон баршумурд ва афзуд, Амрико дар тавтеаи ошкор бо Иморот ва Арабистон ҳудуди ҳазор рӯз ҳамла, қатл ва вайронгариро дар Яман нодида гирифтааст.

Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ ҳамвора иддао мекунад, Эрон силоҳ ва мушак дар ихтиёри неруҳои мардумии Яман қарор медиҳад ва бо ин кор дар масири ҳалли буҳрони Яман монеатарошӣ мекунад. Масъулони Ҷумҳурии Исломии Эрон борҳо ин иддаои эътилофи Саудиро рад ва беасос хонданд.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар, аз марти 2015 ба Яман ҳамла кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистон дар Яман ба кушта ва захмӣ шудани даҳҳо ҳазор яманӣ мунҷар шуда ва ин кишварро бо камбуди шадиди маводи ғизоӣ, доруӣ ва густариши бемории «вабо» мувоҷеҳ кардааст.

 

Барчасп