Вокуниши бесобиқаи раисҷумҳури Лубнон ба мудохилаи Арабистони Саудӣ
(last modified Wed, 15 Nov 2017 16:33:21 GMT )
Ноябр 15, 2017 21:33 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши бесобиқаи раисҷумҳури Лубнон ба мудохилаи Арабистони Саудӣ

Раисҷумҳури Лубнон гуфт, Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири ин кишвар дар Арабистон боздошт шуда ва Лубнон ин иқдомро иқдоме хасмонаи зидди худ медонад.

Ба нақл аз шабакаи Алмаёдин, Авн дар Шӯрои миллии расонаҳои Лубнон гуфт: Ончи дар робита бо Ҳарирӣ анҷом шуда, нақзи ошкори ҳуқуқи башар аст .

Вай афзуд: Бейрут ҳар коре, ки битавонад барои озодии Ҳарирӣ анҷом хоҳад дод ва бо кишварҳои арабӣ ва ғарбӣ дар ин робита дар тамос аст .

Раисҷумҳури Лубнон таъкид кард: “Ваҳдати миллӣ дарвозаи субот аст. Дар бораи вазъияти молии кишвар нигаронӣ вуҷуд надорад ва вазъият беҳтар аз хуб аст”.

Мишел Авн бори дигар ба Ҳарирӣ пардохту гуфт: “Ҳеч чизе бознагаштани Ҳарирӣ пас аз 12 рӯз аз истеъфоро тавҷеҳ намекунад. Мо ӯро боздошт шуда медонем ва ин хилофи тавофуқномаи Вена аст”.

Вай афзуд: Наметавон дар бораи истеъфое, ки дар хориҷ эълом шуда тасмим гирифт, Ҳарирӣ бояд ба Лубнон бозгардад ё истеъфояшро тақдим кунад ё инки аз ин иқдом инсироф диҳад .

Пас аз ин суханони Мишел Авн, Саъд Ҳарирӣ бори дигар дар твиттер эълом кард, ба зудӣ ба Лубнон бармегардад.

Саъд Ҳарирӣ чаҳоруми ноябр дар паёме видеоӣ, ки аз Арабистони Саудӣ пахш шуд, аз симмати худ ба унвони нахуствазири Лубнон истеъфо карду ҳануз ба Лубнон бознагаштааст .