Ноябр 20, 2017 17:30 Asia/Dushanbe
  • Кашфи гӯри ҷамъӣ дар чоҳҳои нафти Ироқ

Нерӯҳои ироқӣ аз кашфи як гӯри ҷамъӣ дохили чоҳҳои нафти наздики иртифооти  Ҷабол Ҷамрин дар устони Диёла дар шарқи Ироқ хабар доданд.

Ба нақл аз пойгоҳи хабарии Алнашраи Лубнон, манобеи амниятии Ироқ эълом карданд, ин гӯри ҷамъӣ шомили аҷсоди ғайринизомиёнест, ки ба дасти ДИИШ наздики иртифооти Ҳамрин эъдом шуда буданд .

Пеш аз ин низ нерӯҳои ироқӣ даҳҳо гӯри ҷамъиро дар манотиқе, ки ахиран аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ озод шудааст, кашф карданд .

Ҷабол Ҷамрин риштакӯҳҳое дар Ироқ аст, ки аз устони Диёла то шаҳри нафтхези Киркук имтидод меёбад .