Ноябр 24, 2017 18:43 Asia/Dushanbe
  • Бартарии тими футболи Фаластин бар тими режими саҳюнистӣ дар раддабандии ФИФА

Фаластин барои нахустин бор дар раддабандии Федератсияи Байналмилалии Футбол (ФИФА) болотар аз режими саҳюнистӣ қарор гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, тими миллии футболи Фаластин барои нахустин бор дар таърихи худ беҳтарин ҷойгоҳро дар раддабандии ФИФА ба даст овард ва ҳатто аз режими саҳюнистӣ болотар қарор гирифт. Ҷабраил Раҷуб, раиси Федератсияи футболи Фаластин ин муваффақияти тими миллии футболи Фаластинро таърихӣ унвон кард.

Дар тозатарин раддабандии ФИФА, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, тими миллии футболи Фаластин дар раддаи 82-юми ҷаҳон қарор гирифт, дар ҳоле ки тими футболи Исроил дар раддаи 98-уми ҷаҳон қарор дорад.