Қатли оми намозгузорони як масҷид дар Миср
(last modified Fri, 24 Nov 2017 13:57:05 GMT )
Ноябр 24, 2017 18:57 Asia/Dushanbe
  • Қатли оми намозгузорони як масҷид дар Миср

Манобеи амниятии Миср аз ҳамлаи террористӣ ба намозгузорони масҷиде дар вилояти Синои Шимолӣ хабар доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, манобеи амниятии Миср эълом кардаанд, дар пайи инфиҷори бомб ва тирандозии террористҳо ба ширкаткунандагони маросими намози ҷумъа дар шаҳри Ариш, маркази вилояти Синои Шимолӣ, дастикам 50 нафар ҷон бохта, 75 нафар захмӣ шудааст. Ҳанӯз ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар уҳда нагирифта, аммо вилояти Синои Шимолии Миср шоҳиди фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла гурӯҳи мавсум ба "Ансори Байтулмуқаддас" аст, ки моҳи ноябри соли 2014 бо гурӯҳи террористии ДИИШ байъат кард ва номи худро ба "Вилояти Сино" тағйир дод. Ин гурӯҳи террористӣ то кунун ҳамалоти зиёдеро дар вилояти Синои Шимолии Миср анҷом додааст.