Август 19, 2016 20:25 Asia/Dushanbe
  • Озодии комили Мусил аз ишғоли ДИИШ ба зудӣ

Вазири дифоъ ва раиси Маҷлиси намояндагони Ироқ аз озодсозии комили шаҳри Мусил, маркази устони Найнаво аз ишғоли гурӯҳи террористии ДИИШ дар ояндаи наздик хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи телевизионии "Ал-Ироқия", Салим Ҷабурӣ, раиси Маҷлиси Ироқ рӯзи ҷумъа гуфт, сарнагунии гурӯҳи такфирии ДИИШ дар Ироқ наздик аст ва пирӯзии нерӯҳои пешмаргаи курд дар минтақаи Курдистони Ироқ, дар ҷануби Мусил, гоме мусбат дар ин масир ба шумор меравад.

Холид Убайдӣ, вазири дифои Ироқ низ рӯзи панҷшанбе бо ҳузур дар ҷамъи фармондеҳони аршади низомии амалиёти озодсозии Мусил гуфт, ин амалиёт барои озодӣ ва поксозии сарзаминҳои Ироқ аз вуҷуди афроди террористии ДИИШ аст ва бояд масоили ҳуқуқи башарӣ дар набарди Мусил риоят шавад.

Бар асоси ин гузориш, гурӯҳи террористии ДИИШ низ ба афроди мусаллаҳи худ дар Мусил фармони омодабоши комил додааст.

Дар ҳамин ҳол, террористҳои ДИИШ дар тозатарин ҷинояти худ 14 шаҳрванди ироқии аҳли Мусилро дар қафасҳои оҳанӣ маҳбус ва онҳоро дар об ғарқ кардаанд.

Ба гузориши шабакаи "Ас-Савмария", ДИИШ ин ҷиноятро дар минтақаи Файсалия, дар маркази шаҳри Мусил анҷом дода ва ин афродро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо нерӯҳои давлатии Ироқ ва пешмаргаҳои курд ба ин шева ба қатл расонидааст.

ДИИШ аз замони тасарруфи Мусил дар соли 2014 то кунун ҳазорон тан аз мардуми ин шаҳрро ба иттиҳомҳои мухталиф, аз ҷумла ҳамкорӣ бо нерӯҳои амниятӣ ва давлатии Ироқ ба равишҳои ваҳшиёнае эъдом кардааст.

 

Барчасп