Узви ҷумбиши “Ансоруллоҳ”: Дар Яман силоҳи эронӣ вуҷуд надорад
(last modified Sat, 16 Dec 2017 10:54:55 GMT )
Декабр 16, 2017 15:54 Asia/Dushanbe
  • Узви ҷумбиши “Ансоруллоҳ”: Дар Яман силоҳи эронӣ вуҷуд надорад

Узви ҷумбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман эълом кард, агар Яман мушакҳои Эронро дар ихтиёр дошт, имрӯз ҳамаи мардуми Арабистон аз шаҳрҳои худ муҳоҷират карда буданд.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Содиқ Ашшарафӣ бо радди вуҷуди ҳар гуна силоҳи эронӣ дар Яман изҳор дошт, иддаои беасоси мақомоти амрикоӣ дар бораи ҳимояти таслеҳотии Эрон аз нерӯҳои яманӣ, барои сарпӯш гузоштан бар нақши муҳиму мустақими худ дар куштори мардуми Яман аст.

Вай бо ишора ба даъвои таблиғотии Никки Ҳейли, намояндаи Амрико дар Созмони Милали Муттаҳид, ки саъй мешавад дар он ҳимояти таслеҳотии Эрон аз гурӯҳҳои яманӣ нишон дода шавад гуфт, ин дар ҳолест, ки бархе мақомоти Созмони Милали Муттаҳид сароҳатан эълом кардаанд, мушакҳои яманӣ мутааллиқ ба Эрон нест.

Содиқ Ашшарафӣ дар бораи истифодаи Арабистон аз таслеҳоти амрикоӣ барои бомбаборони манозил, бемористонҳо, пулҳо, масҷидҳо ва ... дар Яман афзуд, таслеҳоти мамнуъшудаи байналмилалӣ имрӯз аз сӯйи Амрико ба Арабистон мерасад ва ин кишвар низ аз ин таслеҳот барои нобудии ғайринизомиён истифода мекунад.

Узви ҷумбиши “Ансоруллоҳ”-и Яман таъкид кард, ин камоли беахлоқӣ аст, ки дуруст дар замоне ки мардуми Яман ба василаи силоҳҳои амрикоӣ кушта мешаванд, мақомоти Вашингтон сухан аз вуҷуди силоҳи эронӣ ба миён биоваранд.