Тарҳи режими саҳюнистӣ барои сохти маъбади яҳудӣ дар Қудс
Ҳафтаномаи саҳюнистии «Jerusalem Post», аз тарҳи режими саҳюнистӣ барои сохти як маъбади бузурги яҳудӣ дар Раъс ал Омуд, воқеъ дар доманакӯҳи Ал Зайтун дар шаҳри Қудс хабар дод.
Ба гузориши маркази иттилоърасонии Фаластин, ин тарҳ дар масоҳате болиғ бар 2000 метр мураббаъ ба иҷро дармеояд, ки ҳазинаҳои он 10 миллион “sheqel” (муодили ду миллиону 850 ҳазор доллар) баровард шудааст.
Дар ин гузориш омадааст, ин маъбад дар дохили шаҳраки саҳюнистнишини Maale Ha-Zeintin эҳдос мешавад.
Режими саҳюнистӣ чанде қабл, дар иқдоме таҳрикомез аз мокети «маъбади ҳайкал», бар боми сохтумони наздики Масҷидулақсо рӯнамоӣ кард. Чанде пеш низ манобеи хабарӣ аз тарҳи сохти канисаи мавсум ба «гавҳари Исроил» дар Қудс хабар доданд.
Режими саҳюнистӣ бевақфа дар ҳоли чеҳраи саҳюнистӣ додан ба манотиқи фаластинӣ аст ва бо тахриби осор ва амокини исломӣ, хонаҳо ва биноҳои таърихии фаластиниён ва сохти маъобиди яҳудӣ ба ҷой амокини муқаддаси мусулмонон ин ҳадафро пеш мебурд. Ҳадафи Исроил дар воқеъ нобуд кардани ҳувият исломӣ ва таърихи миллати Фаластин ва ҷойгузин кардан нишонаҳо ва символҳои ҷаълии худ аст.