Декабр 20, 2017 10:00 Asia/Dushanbe
  • Тасвиби Қатъномаи ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластин дар СММ

Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо аксарияти оро Қатъномаи ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластинро тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории “Маъо”, Маҷмаи умумии Созмони Милал рӯзи чаҳоршанбе бо аксарияти оро қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки бар ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластин таъкид мекунад.

Бар асоси ин гузориш, 176 кишвар ба нафъи ин қатънома раъй доданд ва 7 кишвар, аз ҷумла Амрико ба он раъйи манфӣ ва 4 кишвар эъломи бетарафӣ карданд.

Бар асоси Қатъномаи ҳаққи таъйини сарнавишти миллати Фаластин ҳар иқдоме барои тағйири моҳият ё таркиби ҷамъиятии шаҳри Қудс ғайриқонунӣ эълом шуд.

 Амрико рӯзи душанбе дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милал Қатъномаи пешниҳодии Миср дар бораи Қудсро вето кард. Ба ғайр аз Амрико ҳар 14 узви Шӯрои амнияти Созмони Милал бо қатъномаи пешниҳодии Миср, ки бо эъломи Қудси Шариф ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ мухолифат мекард, мувофиқ буданд.

Маҷмаи умумии Созмони Милал фардо - панҷшанбе барои баррасии тасмими Амрико дар эъломи Қудс ба пойтахтии режими саҳюнистӣ, ҷаласаи изтирорӣ ташкил медиҳад.

 Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико 6 –уми декабри соли 2017 Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият шинохт ва дастури таҳияи муқаддамот барои интиқоли сафорати Амрико аз Тел-Авив ба Қудсро содир кард.

 

Барчасп