Хатту нишон кашидани Натаняҳу барои Созмони Милали Муттаҳид
Нахуствазири режими саҳюнистӣ аз баргузории ҷаласаи Созмони Милали Муттаҳид барои баррасии тасмими Трамп дар бораи Қудс ба шиддат, интиқод кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Ал Олам”, Бинямин Натаняҳу дар вокуниш ба ҷаласаи изтирории рӯзи панҷшанбеи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид барои ба раъй гузоштани қатъномае, алайҳи тасмими Амрико дар бораи Қудс, ин созмонро «хонаи дурӯғ» тавсиф кард.
Натаняҳу имрӯз (панҷшанбе) дар шаҳри Ас Садуд дар сарзаминҳои ишғолӣ бо радди натиҷаи раъйгирии имрӯзи Маҷмаи умумӣ иддао кард «Созмони Милали Муттаҳид бихоҳад ё нахоҳад, Уршалим (Байтулмуқаддас) пойтахти Исроил аст.»
Вай таъкид кард, режими саҳюнистӣ ба сохтусоз дар Байтулмуқаддас идома медиҳад ва сафоратхонаҳои бештаре ба ин шаҳр мунтақил хоҳад шуд.
Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар нишасти изтирории имрӯз, дар бораи пешнависи қатъномае, ки хостори лағви тасмими Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар бораи Қудс аст, райъгирӣ мекунад.
Трамп рӯзи чаҳоршанбе (рӯзи шашуми декабр) зимни ба расмият шинохтани Қудс ба пойтахтии режими Исроил, дастури интиқоли сафоратхонаи Амрико аз Тел- Авив ба Қудси ишғолиро имзо кард.
Тибқи қатъномаи 478 Шӯрои амният ҳеҷ кишваре иҷоза надорад, намояндагии дипломатӣ (сафоратхона ва консулгарӣ) дар шаҳри Қудс, таъсис карда ё тасмиме дар бораи вазъияти он бигирад.