Декабр 29, 2017 19:39 Asia/Dushanbe
  • Роҳпаймоии фаластиниён дар чаҳорумин “ҷумъаи хашм”

Чаҳорумин ҷумъа аст, ки роҳпаймоии густурдаи фаластиниён пас аз иқомаи намози ҷумъа дар ҳимоят аз Қудс баргузор мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Фаластин алявм”, ин роҳпаймоӣ аз масҷиди “Алқисом”, шимоли навори Ғазза дар ҳимоят аз Қудс ва мухолифат бо тасмими Доналд Трамп дар бораи интиқоли сафорати Амрико аз Телавив ба Қудс ба даъвати Ҷунбиши ҷиҳоди исломӣ баргузор шуд.

Режими саҳюнистӣ пеш аз ин бо ташдиди тадобири амниятӣ, афзоиши шумори низомиёну таҷҳизоти низомӣ дар Каронаи Бохтарӣ, Қудси ишғолӣ ва навори Ғазза худро барои муқобила бо роҳпаймоёни фаластинӣ дар чаҳорумин “ҷумъаи хашм” пас аз эъломи тасмими Трамп дар бораи Қудс омода карда буд. Аз замони эъломи тасмими Трамп дар бораи Қудс то кунун даҳҳо фаластинӣ дар даргирӣ бо режими саҳюнистӣ кушта, садҳо тани дигар захмӣ ва шумори зиёде боздошт шудаанд.