Декабр 31, 2017 21:43 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 98 фаластинӣ дар интифозаи Қудс дар соли 2017

Интифозаи Қудс, ки аз октябри 2015 оғоз шудааст, соли 2017 низ ба қуввати худ идома дошт ва дар ин сол 98 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва шумори шуҳадои интифозаи Қудс ба 366 нафар расид.

Ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, соли 2017, чаҳорсаду чаҳор амалиёти зиддисаҳюнистӣ аз сӯи фаластиниён анҷом шуд, ки таи он 22 низомӣ ва шаҳракнишини саҳюнист кушта ва 397 саҳюнист захмӣ шуданд .

Маркази мутолиоти усарои Фаластин эълом кард: Низомиёни саҳюнист соли 2017, шаш ҳазору 500 фаластиниро боздошт карданд, ки дар миёни боздоштшудагон 1600 кӯдак ва 170 зану духтар дида мешавад .

Риёз Ашқар, пажуҳишгари маркази мутолиоти усарои Фаластин эълом кард: Теъдоди кӯдакони боздоштшуда ба дасти низомиёни исроилӣ соли 2016 ба ҳазору 600 маврид мерасад, ки дар миёни ин кӯдакон теъдоде зери 10 сол аст .

9 тан аз намояндагони Парлумони Фаластин ва ҳазору чаҳорсад озодаи фаластинӣ ва 185 бемори фаластинӣ дар зиндонҳои исроилӣ ба сар мебаранд .

Ишғолгарони саҳюнист соли 2017 ба судури ҳукми ҳабси абад алайҳи усарои фаластинӣ шиддат бахшиданд ва 15 асири фаластиниро ба иттиҳоми ҳузур дар амалиёт ба ҳабси абад маҳкум карданд .