Посухи артиши Сурия ба ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ
Фармондеҳи кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия аз посухи падофанди ҳавоии ин кишвар ба ҳамлаи мушакии саҳаргоҳи имрӯзи режими Исроил ба устони Риф Димишқ дар ҷануби Сурия хабар дод.
Фармондеҳи кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия эълом кард, ҷангандаҳои саҳюнистӣ саҳаргоҳи имрӯз аз фарози Лубнон чанд мушак ба самти минтақаи Алқатифа дар устони Риф Димишқ шиллик карданд.
Фармондеҳи кулли артиш ва нерӯҳои мусаллаҳи Сурия эълом кард, падофанди ҳавоии Сурия, як фарванд мушак аз чаҳор фарванд мушаки режими Исроилро ҳадаф қарор дод ва се фарванд мушаки дигар наздик мавозеи низомии Сурия исобат кард, аммо талафоте надошт.
Ҷангандаҳои исроилӣ чаҳоруми январ ҳам дар чорчуби пуштибонӣ аз террористҳо, як анбори силоҳ ва муҳиммотро дар кӯҳҳои Алқосиюни мушарраф бар Димишқ (пойтахти Сурия) ҳадаф қарор доданд.
Димишқ борҳо бо ирсоли номаҳои ҷудогона ба дабири кулли Созмони милал ва раиси Шӯрои амният, хоҳони маҳкумияти ҳамалоти паёпаи режими саҳюнистӣ ба хоки Сурия шудааст.