Январ 09, 2018 19:41 Asia/Dushanbe
  • Эътироф ба шикасти артиши саҳюнистӣ дар баробари ҷавондухтари фаластинӣ

Сиёсатмадори саҳюнист муқовимати Аҳд Алтамимӣ, ҷавондухтари фаластинӣ ва муштҳои гиреҳкардаи ӯ муқобили низомиёни режими саҳюнистиро «шикасти тамомайёр барои Исроил» донист.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, Авери Совйер, дипломат ва сиёсатмадори саҳюнист муддаӣ шуд, Исроил яке аз қудратҳои низомии ҷаҳон аст, ки қудрати боздорандагии болое дорад, аммо бо ин ҳол, ӯ гуфт, ин қудрати низомӣ барои муқобила бо духтари 16-солаи фаластинӣ кофӣ нест.

19-уми декабри соли 2017 ишғолгарон ба манзили хонаводаи Босам Алтамимӣ юриш бурда, духтараш Аҳд ва баъд ҳам модар ва яке дигар аз бастагони ӯро боздошт карданд. Иллати боздошти Аҳд Алтамимӣ талоши ӯ барои берун кардани низомиёни саҳюнист аз ҳавлияшон ва силӣ задан ба сурати низомии саҳюнист аст.

Дипломати исроилӣ эътироф кард, аз назари фаластиниҳо ва ҳамчунин 90 дарсад аз афкори умуми ҷаҳон, Аҳд Алтамимӣ қаҳрамоне аст, ки дар баробари ишғолгарон ба по хостааст. Ӯ афзуд, агар касе фикр мекунад, ҷавонони фаластинии сокини Каронаи Бохтарии руди Урдун рӯзе дӯстдори Исроил хоҳанд шуд, содалавҳ аст.