Январ 09, 2018 21:21 Asia/Dushanbe
  • Раиси Моссад ба саҳюнистҳо: Хушҳол набошед, низоми Эрон пойдор аст

Раиси Моссад гуфт, набояд умедвор буд, ки ошӯбҳои ахир дар Эрон боиси бесуботии ҳукумат шавад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, Йоси Коэн, раиси Созмони ҷосусии режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе дар ҷаласае дар Вазорати иқтисоди режими саҳюнистӣ гуфт, ошӯбҳои ахир дар Эрон боиси бесуботии ҳукумати ин кишвар намешавад ва набояд ба он умед дошт. Ӯ афзуд: «Набояд аз таҳаввулот дар Эрон интизори зиёде дошта бошем, ҳарчанд хушҳол мешавем, шоҳиди инқилоби муҳим дар он кишвар бошем». Коэн гуфт, Исроил дар Эрон дорои "гӯш, чашм ва чизҳои бештар аз он" аст.

Раиси Моссад ҳамчунин монанди дигар мақомҳои аршади режими саҳюнистӣ тавофуқи ҳастаии Эронро «тавофуқи бад, ки набояд имзо мешуд», тавсиф кард, ки боиси беҳбуди вазъи иқтисодии Эрон шуд.