Январ 12, 2018 18:49 Asia/Dushanbe
  • Дастури Либерман барои дар зиндон мондани духтари фаластинӣ

Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дастур дод, Аҳд Алтамимӣ, ҷавондухтари фаластинӣ, модар ва духтари амуи ӯ ҳамчунон дар зиндон бимонанд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “Алолам”, Авигдор Либерман бо судури ҳукми низомӣ Басам Алтамимӣ, падари Аҳдро аз хориҷ шудан аз Фаластин манъ карда ва илова бар ин 20 иҷозаи кор дар сарзаминҳои ишғолиро, ки пештар хешовандони ин духтари фаластинӣ дарёфт карда буданд, лағв кард. Либерман дар ин дастур таъкид кардааст, ки бояд бо шиддати тамом бо Аҳд Алтамимӣ ва хонаводааш бархӯрд шаваду ӯ ва модараш Наримон ва духтари амуяш Нур то замони муҳокима ҳаққи озодӣ надоранд ва бояд дар зиндон боқӣ бимонанд.

Аҳд Алтамимӣ ҳудуди се ҳафта қабл, пас аз интишори видеое аз ӯ боздошт шуд. Ӯ дар ин видео ба сарбозони Исроил, ки вориди хонаи онҳо шуда буданд, силӣ ва лагад зад. Додгоҳи низомии режими саҳфюнистӣ 12 иттиҳоми амниятиро алайҳи Аҳд ва модараш матраҳ ва муҳокимаи онҳоро ба рӯзи душанбе, 15 январ мавкул кардааст.

 

Барчасп