Январ 12, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • «Утоқҳои марг»-и режими Оли Халифа барои инқилобиёни Баҳрайн

Узви бузургтарин гурӯҳи мухолифи давлати Баҳрайн гуфт, режими Оли Халифа барои инқилобиёни Баҳрайн «утоқҳои марг» ташкил додааст.

Шайх Муҳаммад Хуҷаста, узви Ҷамъияти алвифоқи миллии Баҳрайн дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Меҳр” дар бораи шиканҷаи зиндониёни Баҳрайн дар утоқҳои маъруф ба утоқи марг гуфт, касоне, ки ба ин утоқҳо интиқол дода мешаванд, ин паёмро дарёфт мекунанд, ки роҳе ҷуз эътироф дар баробари худ надоранд ва агар эътироф накунанд, ҷасади онҳо аз утоқ хориҷ мешавад. Ӯ афзуд, касоне, ки аз ин утоқҳо зинда берун омадаанд, мегӯянд, ба далели шиканҷаҳои бисёр шадид маргро дар муқобили чашмони худ дидаанд.

Шайх Муҳаммад Хуҷаста дар бораи ҳукми эъдоми шуморе аз шаҳрвандони Баҳрайн низ гуфт, сиёсати режими Оли Халифа дар ҳафт соли гузашта тарсу ваҳшат афкандан дар дили мардум аст ва ҳукми эъдом барои муътаризон низ дар чорчӯби ҳамин сиёсат содир мешавад. Ин мухолифи баҳрайнӣ ҳамчунин ба нақши манфии Арабистони Саудӣ ва Аморот дар инқилоби Баҳрайн ишора карда гуфт, Оли Халифа бидуни ҳамоҳангӣ бо ин ду кишвар кӯчактарин тасмиме намегирад ва ҳар ҷинояте, ки Оли Халифа алайҳи инқилобиён анҷом медиҳад, бо “чароғи сабз”-и Риёзу Абудабӣ аст.

Баҳрайн аз феврали соли 2011 саҳнаи эътирози мусолиматомези мардум зидди режими Оли Халифа аст.