Ду таркиши террористӣ дар пойтахти Ироқ
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i28495-Ду_таркиши_террористӣ_дар_пойтахти_Ироқ
Ду таркиши террористии бархоста аз ҳамлаи ду муҳоҷими интиҳорӣ дар маркази Бағдод -пойтахти Ироқ, 87 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 15, 2018 12:01 Asia/Dushanbe
  • Ду таркиши террористӣ дар пойтахти Ироқ

Ду таркиши террористии бархоста аз ҳамлаи ду муҳоҷими интиҳорӣ дар маркази Бағдод -пойтахти Ироқ, 87 кушта ва захмӣ бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, як манбаъи амниятии Ироқ эълом кард: Ин ду таркиш субҳи имрӯз душанбе дар минтақаи Соҳата Ал-Тайран (Al -Tairan-майдони ҳавопаймоӣ) дар Бағдод ба вуқуъ пайваст.

Шабакаи телевизионии Ал-Олам шумори куштаҳои ин ду таркиши интиҳорӣ дар маркази Бағдодро 21 нафар ва шумори захмиҳоро 66 нафар эълом кард.

Вебгоҳи Шафақ-Нюз омилони таркишро шахсони интиҳорӣ зикр кард ва навишт ин ду ба таври ҳамзамон ба байни коргарон дар минтақаи Соҳата Ал-Тайран рафтанд ва худро тарконданд.

Бар асоси ин гузориш ба далели вахомати ҳоли бархе аз маҷруҳон, мумкин аст теъдоди куштаҳо афзоиш ёбад.