Январ 22, 2018 14:54 Asia/Dushanbe
  • Иллатҳои оғози амалиёти “Шохаи зайтун”-и Туркия дар шимоли Сурия

Туркия расман аз рӯзи 20-уми январ амалиёти мавсум ба “Шохаи зайтун”-ро дар шимоли Сурия оғоз кард.

Шимоли Сурия шомили се “контун” (тақсимоти кишварӣ)-и муҳими Ҷазира, Кубонӣ ва Африн аст. Дар даруни ҳар як аз ин минтақа ё контун устонҳову шаҳрҳои мухталифе қарор гирифтааст.

Умдаи ҷамъияти ин манотиқро низ курдҳои Сурия ташкил медиҳанд. Туркия дар декабри соли 2016 амалиёти мавсум ба “Сипари Фурот”-ро дар шимоли Сурия анҷом дод ва акнун низ амалиёти “Шохаи Зайтун”-ро оғоз кардааст.

Пурсиши муҳим ин аст, ки илалу аҳдофи Туркия аз оғози ин амалиёт чист?

Давлати Туркия ду далел барои оғози ин амалиёт пеш овардааст. Нахустин далел, дифои қонунӣ мутобиқи моддаи 51 –и маншури Созмони Милали Муттаҳид аст. Туркия муътақид аст, ки иқдомҳои Амрико дар шимоли Сурия таҳдиди мустақиме алайҳи тамомияти арзӣ ва амнияти Туркия аст.

Ҳасани Шукрипур, коршиноси масоили роҳбурдӣ ва таҳлилгари умури ғарби Осиё дар ин хусус мегӯяд, ки давлати Амрико ахиран тарҳи эҷоди артиши ҷадиди 30 ҳазор нафарӣ дар шимоли Сурияро матраҳ кардааст, ки 13 ҳазор нафар аз ин нерӯҳо дар марзи Туркия бо Сурия мустақар хоҳанд шуд. Ағлаби аъзо, ба хусус аъзои раддаи пойини ин артиши ҷадидро курдҳо ташкил медиҳанд ва Туркия низ курдҳоро муҳимтарин таҳдиди худ медонад. Бо тавваҷуҳ ба ин шароит, Туркия амалиёти “Шохаи зайтун”-ро дар шимоли Сурия, ки ҷомеаи ҳадафи он низ курдҳо ҳастанд, оғоз кардааст.

Далели дигаре, ки давлати Туркия барои оғози амалиёти “Шохаи зайтун” дар шимоли Сурия, ба хусус минтақаи Африн матраҳ кард, мубориза бо терроризм аст. Давлати Туркия унвон мекунад, ки нерӯҳои курдӣ, ки контроли шимоли Сурияро дар ихтиёр гирифтаву таҳти ҳидояту ҳимояти Амрико қарор доранд, нерӯҳои террористӣ ҳастанд, ки барои Туркия таҳдид маҳсуб мешаванд.

Бар ин асос, давлати Анкара унвон кард, ки амалиёти “Шохаи зайтун” бар асоси қатъномаҳои мубориза бо терроризми 1624 дар соли 2005, 2170 дар соли 2014 ва Қатъномаи 2178 дар соли 2014 анҷом мешавад.

Дар воқеъ, он чӣ ки Туркия имрӯз таҳдид алайҳи худ медонад, натиҷаву бароянди сиёсати Анкара дар қиболи Сурия тайи солҳои гузашта аст. Туркия дар ҳоле нерӯҳои демократии Сурияро, ки нерӯҳои курдӣ ҳастанд, террористӣ медонад, ки ба хусус аз соли 2011 то авоили соли 2017 марзҳои худро ба рӯйи террористҳо боз карда буд. Афроди террористӣ дар дохили хоки Туркия омӯзиш медиданд ва сипас барои ҷанг алайҳи низоми Сурия вориди ин кишвар мешуданд.

Давлати Димишқ то кунун борҳо эълом кард, ки Туркия аз ҳомиёни аслии гурӯҳҳои террористии мустақар дар Сурия аст. Акнун ин гурӯҳҳои террористӣ бо тарҳи Амрико барои эҷоди артише ҷадид ва ташкили Курдистони мустақил дар шимоли Сурия, шабеҳи он чӣ ки дар шимоли Ироқ рух дод, таҳдиди ҷиддӣ барои Туркия ҳастанд. Аз он ҷое, ки амалиёти “Шохаи зайтун” дар хоки Сурия анҷом мешавад, давлати Сурия расман ба ин амалиёт эътироз ва онро нақзи ҳокимияти худ унвон кардааст.

Шавоҳиду рухдодҳо дар шимоли Сурия баёнгари ин аст, ки Туркия бо пайравӣ аз сиёсатҳои зиддисурии давлати Амрико тайи шаш соли нахусти ҷанги Сурия, фиреби ин сиёсатҳоро хӯрдаву дар доми Амрико афтодааст.

Бо ин ҳол, давлати Анкара барои хуруҷ аз ин доми амрикоӣ набояд ба иқдоми якҷониба алайҳи Сурия рӯй оварад ва беҳтарин роҳкор барои дафъи ин таҳдид, мавзеъгирии муштарак бо давлати Сурия ва кумак ба Сурия барои мубориза бо терроризми мавриди ҳимояти меҳвари арабӣ- ғарбӣ- ибрӣ аст.