Январ 23, 2018 20:58 Asia/Dushanbe
  • Ба чаҳор моҳ ҳабс маҳкум шудани кӯчактарин асири фаластинӣ

Додгоҳи режими саҳюнистӣ кӯчактарин асири фаластиниро ба чаҳор моҳ ҳабс ҳамроҳ бо ҷаримаи нақдӣ маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, додгоҳи режими саҳюнистӣ рӯзи сешанбе Абдурауф Албиловӣ, навҷавони фаластиниеро, ки борҳо муҳокимаи додгоҳияш ба таъхир афтода буд, ба чаҳор моҳ ҳабс ҳамроҳ бо ҳазор шекел (ҳудуди сесад доллар) ҷаримаи нақдӣ маҳкум кард.

Албиловӣ моҳи декабри соли гузашта дар як тазоҳуроти мусолиматомез дар шаҳри Байтуллаҳм дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ боздошт шуда буд. Абдурауф Албиловӣ 13-сола аст. Ӯ бародари яке аз асирони озодшуда аст ва илова бар ин як бародари дигари ӯ ба номи Аъло низ дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ аст. Режими саҳюнистӣ дар садри режимҳое дар ҷаҳон аст, ки бар хилофи қавонини байналмилалӣ ба таври густурда афроди ноболиғро боздошт мекунад.