Январ 28, 2018 15:05 Asia/Dushanbe
  • Дархости идора кардани маконҳои муқаддас дар Арабистон ба сурати байналмиллалӣ

Ҳайъати назорат бар идораи Ҳарамайни шарифайн хостори мушорикати давлатҳо ва муассисаҳои исломии ҷаҳон барои идораи маконҳои муқаддас дар Арабистон шуд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНО ин ҳайъат рӯзи якшанбе бо интишори баёнияе эълом кард акнун, ки собит шуда Арабистон тавони идора кардани маконҳои муқаддасро надорад лозим аст ин маконҳо ба сурати байналмиллалӣ идора шавад.

Ин баёния аз сиёсати Арабистон дар маҳрум кардани мусалмонон аз адои маносик ба далелҳои сиёсӣ, фасоди молӣ ва тавзеи ноодилонаи саҳмияҳои Ҳаҷ байни кишварҳои исломӣ интиқод кард.

Ин ҳайъат ҳамчунин бо муттаҳам кардани Арабистон ба вайрон кардани маконҳои таърихӣ ва асломӣ аз шахсиятҳо, ниҳодҳо ва Созмони исломӣ хост бо имзои ин баёния барои идораи байналмиллалии Ҳарамайни шарифайн талош кунанд.

Ҳайъати байналмиллалии назорат бар чигунагии идораи Ҳарамайни шарифайн ва маконҳои муқаддас аввалҳои соли 2018 дар Малайзия эъломи мавҷудият кард ва дар аввалин баёнияи худ таъкид кард: Талош мекунад аз бакоргирии заминҳои муқаддас ва маносики Ҳаҷ барои ҳадафҳои сиёсӣ ҷилавгирӣ кунад.

Ин ҳайъат ҳамчунин талош мекунад пеши такравии Арабистон дар мудирияти маконҳои муқаддасро бигирад; ба гунае ки бар саломати ҳоҷиён ва умрагузорон таъсири манфӣ нагузорад.

Ҳайъати назорат бар идораи Ҳарамайни шарифайн ҳафтаи гузашта низ бо судури баёнияе Арабистонро ба сиёсикорӣ дар баргузории Ҳаҷ ва салби ҳуқуқи қонунии умрагузорон муттаҳам кард.

Барчасп