Август 24, 2016 18:41 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти муштараки Туркия ва Амрико дар Сурия

Амалиёти муштараки нерӯҳои вижаи артиши Туркия ва нерӯҳои ҳавоии ба истилоҳ эътилофи амрикоӣ дар минтақаи Ҷарабулуси вилояти Ҳалаб дар шимоли Сурия бо ҳадафи поксозии ин минтақа аз аъзои ДИИШ оғоз шудааст.

Дафтари нахуствазири Туркия дар баёнияе эълом кард, амалиёти поксозии шаҳри марзии Ҷарабулус аз пайравони ДИИШ соати чаҳори субҳи рӯзи чаҳоршанбе, ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд. Бар асоси ин баёния, пас аз бомбаборон кардани мавзеъҳои ДИИШ дар шаҳри Ҷарабулус тавассути ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Туркия воҳидҳои тӯпхона низ ин шаҳрро ҳадафи гулӯлаборони сангин қарор доданд. Масъулони Туркия эълом карданд, ҳадаф аз ин амалиёт поксозии марзи Туркия аз террористҳо, афзоиши амнияти марзӣ ва низ ҳимоят аз тамомияти арзии Сурия аст.

Рӯзномаи "Миллият", чопи Туркия навишт, генерал Ҳулуси Акар, раиси ситоди артиши Туркия шахсан амалиёти артиши ин кишварро дар Сурия фармондеҳӣ мекунад. Манобеи майдонӣ ҳам ба "Скай нюз"-и арабӣ гуфтаанд, нерӯҳои заминии гурӯҳи мавсум ба "Артиши озоди Сурия" дар сояи пӯшиши ҳавоию тӯпхонаии Амрико ва Туркия ба муқобила бо ДИИШ мепардозанд. "Артиши озоди Сурия" гурӯҳи мусаллаҳест, ки аз нигоҳи Амрико ва Туркия, аъзои он мухолифони мусаллаҳи сурии миёнарав ҳастанд. Ҳамчунин манобеи низомии Туркия эълом кардаанд, гурӯҳе аз нерӯҳои вижаи Туркия ва танкҳои ин кишвар бо убур аз марзҳои Туркия вориди хоки Сурия шудаанд.

Рӯзномаи "Ени шафақ", чопи Туркия ҳам рӯзи чаҳоршанбе дар гузорише дар бораи вуруди нерӯҳои вижаи артиши Туркия ба Сурия навишт, амалиёти бурунмарзии артиши Туркия дар чорчӯби ҳаққи дифои машрӯъ иҷро мешавад. Ба навиштаи ин рӯзнома, парлумони Туркия дуюми октябри соли 2015 мусаввабаеро тасвиб кард, ки ба давлати ин кишвар иҷоза медиҳад, ҳар гуна тадобири лозимро барои муқобила бо таҳдидҳои амнияти миллии Туркия дар чорчӯби ҳуқуқи байналамилалӣ роҳандозӣ кунад. Бар асоси ин қарор, парлумони Туркия ба ҳукумати ин кишвар иҷоза додааст, иқдомоти лозимро барои муқобила бо таҳдидҳои террористие, ки аз Сурия ё Ироқ мутаваҷҷеҳи Туркия мешавад, анҷом диҳад.

Гурӯҳи террористии ДИИШ дар ду рӯзи гузашта шаҳри марзии Каркемиш, яке аз ноҳияҳои вилояти Ғозиёнтеппаи Туркияро чанд бор бо партоби хумпора ҳадаф қарор додааст.

 Пас аз табаддулоти нофарҷоми 15 июл дар Туркия сиёсати ин кишвар дар қиболи Сурия бо тағйир рӯ ба рӯ шудааст. Мубориза бо терроризм ва ҳифзи тамомияти арзии Сурия мабнои нигоҳи ҷадиди туркҳо ба таҳаввулоти Сурия эълом шудааст. Мавлуд Човушуғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии муштарак ҳамроҳи Петер Сиҷҷарто, вазири умуру хориҷии Венгрия дар Анкара гуфт, Анкара барои дафъи ДИИШ аз Сурия ва Ироқ ҳозир аст, ҳар навъ кӯмак анҷом диҳад. Ӯ чунин ҳимоятро барои амнияти Туркия муҳим хонда афзуд, поксозии минтақа аз ҳузури гурӯҳҳои террористӣ барои суботи минтақа ҳоизи аҳамият аст. Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия ҳам рӯзи душанбе таъкид кард, бояд амнияту субот ба Сурия бозгардад ва талоши кунунии Туркия ба ин масъала равона шудааст. Нахуствазири Туркия изҳор кард, тамаркузи Туркия ба ҳифзи якпорчагии арзии Сурия буда, ин кишвар мухолифи он аст, ки ба ҳар навъ гурӯҳи қавмӣ ва тоифае дар Сурия мавҷудияти сиёсӣ дода шавад. Ишораи нахуствазири Туркия ба такони ҷадиди курдҳо дар шимоли Сурия аст, ки ахиран, мавқеияти худро дар наздикии марзи Туркия собит карданд.